Август 13, 2017 09:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кашфи маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол

Муовини аввали раиси Оҷонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, аз кашфу забти маводи мухаддир дар шаш моҳи нахусти имсол дар ин кишвар дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Оҷонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, Зафар Самад гуфтааст, дар ин муддат 12 ҳазор маврид марбут ба қочоқи маводи мухаддир сабт шуд, ки мӯҷиби кашфу забти ду ҳазору 365 килограмм мавод мухаддир шудааст.

Ин мақом аз афзоиши мавориди кашфу забти анвои маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод ва гуфт, ин шохис дар давраи мушобеҳи сол қабл ду ҳазору 251 килограмм будааст.

Ба гуфтаи Зафар Самад, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии ин кишвар низ дар ин муддат бо ҳамкории созанда аз қочоқи садҳо килограмм анвои маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз масирҳои аслии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ, марзи муштараки ҷумҳуриҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо Афғонистон аст.

Қочоқчиён дар ду тарафи рӯдхонаи Ому талош мекунанд бо тағйир додани масирҳо ва роҳкорҳои қочоқ маводи мухаддир, анвои маводи мухаддири тавлид шуда дар Афғонистонро аз қаламрави кишварҳои ҳаммарзи Осиёи Марказӣ ба Русия ва Аврупо мунтақил кунанд.