Август 13, 2017 09:52 Asia/Dushanbe
  • Размоиши 3 рӯзаи низомии Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон ва Қирғизистон

Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон аз мушорикати 10 адад ҷанганда ва болгард, 200 адад худрави зиреҳӣ, 70 адад тӯп ва 450 худрави низомӣ дар размоиши низомии артиш ва неруҳои захираи ин кишвар дар қаламрави вилояти Суғд хабар дод.

Ба гузориши сойти Спутник, полковник Фариддун Муҳаммадализода гуфтааст, ки тайи рӯзҳои 14 то 17 августи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, дар наздикии марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон ва Қирғизистон размоиши низомии неруҳои мусаллаҳи мустақар дар ин минтақа бо истифода аз анвои таҷҳизот ва таслиҳоти ҷангӣ баргузор мегардад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҷараёни ин размоиши низомӣ, равишҳои дифо дар баробари таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ, иртиқои тавони размии неруҳои захира ва роҳкорҳои истифода имконот ва таҷҳизоти низомӣ дар шароити изтирорӣ тамрин хоҳад шуд

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин размоиш мавзӯи ҳамоҳангӣ ва ташрики масои воҳидҳои низоми вобаста ба ин вазорат ва дигар сохторҳои интизоми ва амнияти фаъол дар қаламрав вилоят суғд барраси хоҳад шуд.

Полковник Муҳаммадализода гуфтааст, ки фармондеҳии ин размоиш бар ӯҳдаи генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон хоҳад буд.

Вай ҳамчунин хабари бархе аз расонаҳо дар бораи интиқоли нерӯву ҷангафзорҳо аз ҷануби Тоҷикистон ба вилояти Суғдро бепоя хондаву гуфта, ки ин размоиш аз пеш барномарензӣ ва замонбандӣ шуда буд ва дар он танҳо нерӯҳои ҷойдошта дар қаламрави вилояти Суғд ширкат хоҳанд кард.