Август 20, 2017 09:12 Asia/Dushanbe
  • Интишори феҳристи афроди муртабит бо терроризм аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон номи як ҳазору ва 362 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро, ки аз сӯи мақомоти амниятӣ ва интизомии ин ҷумҳурӣ муртабит ба терроризм муаррифӣ шудаанд, мунташир кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин феҳрист номи як ҳазору ва 141 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия ва Ироқ дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ ҳузур доранд ва бақияи афроде, ки дар дигар кишварҳо таҳти пайгард ҳастанд, гунҷонда шудааст.

Дар ин феҳрист номи сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ва Парвиз Сайидраҳмонов аз фармондеҳони аршади гурӯҳи террористии ДИИШ ва Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби мамнӯъшудаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Дар тавзеҳи ин иқдоми Бонки милли Тоҷикистон таъкид шудааст, ки номи афроди ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ дар ду банд ба таври ҷудогона дар ин феҳрист ба сабт расидааст.

Як манбаъ аз Бонки миллии Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтааст, интишори феҳристи номи афроди муртабит бо терроризм аз сӯи ин ниҳод дар чорчуби тааҳҳудоти байналмилалии ин кишвар ба манзури ҷилавгирӣ аз кумаки молӣ ба ин афрод анҷом мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар феҳристи қаблии афроди муртабит бо терроризм аз сӯи Бонки милли Тоҷикистон, ки дар моҳи марти имсол мунташир шуда буд, номи 48 нафар ба унвони аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва 157 тан ба унвони афроди таҳти таъқиби полиси байналмилал вуҷуд дошт.

Дар банди дувуми феҳристм созмонҳои ифротӣ ва террористӣ мутаносибан номи 9 ва 10 созмон сабт шуда, ки ҳизби мамнӯъшудаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон шомили ҳар ду гурӯҳ мешавад.