Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълом шуд
Шӯрои уламои Тоҷикистон якуми сентябрро рӯзи Иди саиди Қурбон дар ин кишвар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, аз Иди Қурбон рӯзи ҷумъаи оянда таҷлил мешавад.
Вай афзуд, намози ид соати 6:30 ба вақти маҳаллӣ таҳти тадобири амниятӣ баргузор хоҳад шуд.
Масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон дар рӯзи ид барои баргузории намоз ва дигар суннатҳои муртабит бо ин иди исломӣ омода мешаванд.
Аёдат аз беморон, изҳор ҳамдардӣ бо доғдидагон, тиловати Қуръон барои шодии рӯҳи рафтагон ва ҳамчунин таҳия ва тақдими ҳадоё ба мустамандон ва кӯдакон аз ҷумлаи суннатҳои роиҷи Иди Қурбон дар Тоҷикистон аст.
Пас аз истиқлоли Тоҷикистон рӯзҳои Иди Қурбон ва Фитр дар ин кишвар расман рӯзҳои истироҳат эълом шудааст.