Август 27, 2017 09:40 Asia/Dushanbe
  • Ошно шудани омӯзгорони эъзомӣ аз Русия бо фарҳанги тоҷикон

29 нафар аз омӯзгорон аз Русия, ки барои тадрис дар мадориси русзабон ба Тоҷикистон меоянд, дар сафорати ин кишвар дар Маскав бо одобу фарҳанги мардуми тоҷик ошно шуданд.

Ба гузориши сойти “Спутник”, ин 29 нафар умдатан аз ҷумҳуриҳои худмухтори Доғистон, Тотористон ва Бошқирдистон, ки манотиқи мусулмоннишини Русия мебошанд, бар асоси озмун гузиниш шудаанд ва барои тадрис дар мадориси русзабони Тоҷикистон, рӯзҳои наздик вориди ин кишвар мешаванд.

Бар асоси барномаи Вазорати омӯзиш ва улуми Русия, ин афрод ба дархости расмии давлати Тоҷикистон барои тадриси чанд ришта ба забони русӣ ба ин кишвар эъзом мешаванд, ки дар мадориси русизабон фаъолият хоҳанд кард. Мақомоти вазорати омӯзиш ва улуми Русия гуфтаанд, ки ин омӯзгорон дар мадориси русизабони Тоҷикистон ба донишомӯзон аз риштаҳои физик, химия, фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ ва зистшиносӣ тадрис хоҳанд кард.

Ҳукумати Русия мутааҳҳид шудааст, ки бо пардохти маблағи 60 ҳазор рубл (наздик ба 2 ҳазор доллар), бимаи дармонӣ ва ҳазинаи бори изофии муаллимони эъзомиро дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон таъмин кунад. Бар асоси қарордоди дуҷониба, тарафи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки омӯзгорони русиро, ки теъдоде аз онон бо хонаводаҳояшон ба ин кишвар меоянд, бо хона таъмин кунад ва ҳазинаи билети ҳавопаймоии ин афродро пардохт намояд. Ин иқдом ба ҳадафи беҳбуди кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мадориси русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад, ки бо истиқболи Владимир Путин - раисиҷумҳури Русия, рӯбарӯ шудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон борҳо аз давлати Русия дархост карда буданд, ки барои эъзоми муаллимони забони русӣ ба ин кишвар иқдом кунад.