Август 30, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон озими Чин шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз (30 август) озими Чин шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин ҳамоиши сарони кишварҳои узви “БРИКС” ширкат кунад.

Ин ҳамоиш аз 3 то 5 сентябри 2017 дар шаҳри Сямэни вилояти Футзяни Чин баргузор мешавад.

 Пеш аз ин, дар расонаҳо эълом шуда буд, раисиҷумҳур Тоҷикистонро ба ин ҳамоиш Син Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин даъват кардааст.

“БРИКС”-- блоки иқтисодӣ ва тиҷоратии иборат аз панҷ кишвари бо суръат рушдкунанда - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, президенти академияи илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.