Август 30, 2017 15:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармондеҳони низомии Покистон, Чин ва Афғонистон

Қамар Ҷовид Боҷво фармондеҳи неруи заминии артиши Покистон, Ли Зо Чен фармондеҳи артиши озодибахши Чин ва Муҳаммад Шариф Яфталӣ фармондеҳи ситоди марказии неруи мусаллаҳи артиши Афғонистон дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон ба таври ҷудогона бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар дидори фармондеҳи неруи заминии артиши Покистон бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи бесуботӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мусулмон мавриди баҳс ва баррасии ду тараф қарор гирифт.

Тарафайн дар ин дидор зимни ибрози ризоят аз афзоиши сатҳи равобит миёни артиш, хадамоти вижа ва мақомоти интизомии ду кишвар бар иҷрои тавофуқоти ҳамкории ду тараф дар арсаи дифоъ, амният ва ҳамчунин кумакҳои низомӣ ва фаннии Покистон ҷиҳати беҳбуди тавонмандии Тоҷикистон барои мубориза бо таҳдидот дар минтақа таъкид карданд.

 Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи артиши озодибахши Чин низ дурнамои ҳамкори амниятӣ, низомӣ ва фаннии ду кишвар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифт ва ҳамчунин бар идомаи ҳамкории ду ва чандҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ таъкид шуд.

 Ҳамчунин дар дидори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармондеҳи ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Афғонистон мавзӯи рушд ва тақвияти муносиботи гуногуни Душанбе бо Кобул ба унвони бахше аз авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон матраҳ шуд ва тарафайн бар тақвияти ҳамкориҳои ду тараф дар тамоми арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ таъкид карданд.

 Сафари ҳамзамони русои ситодҳои артиши кишварҳои Покистон, Чин ва Афғонистон ба ҷумҳурии Тоҷикистон аз абъоди мухталиф қобили таҳлил ва арзёбӣ аст, аммо ба назар мерасад муҳимтарин мавзӯъ ва нигаронии раҳбарони Душанбе таъмини амният Тоҷикистон ба мафҳум омми калима бошад.

Аз тарафе ба назар мерасад Тоҷикистон, ки то пеш аз ин роҳҳои таъмини аминияти худро дар ҳамкорӣ бо Русия ва ё Амрико ва давлатҳои ғарбӣ ҷустуҷӯ мекард ва ё барои расидан ба ин манзур дар пайи узвияти фаъол дар созу корҳои минтақаӣ, назири Созмони ҳамкории Шангхай ва ё Созмони паймони амнияти ҷамъӣ буд, акнун равияи дигареро барои таъмини амният дар сарҳадоти худ дар пеш гирифтааст. Рӯйкарде, ки зоҳиран ҳамкории дуҷонибаи амниятӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа асли асосӣ ва авлавияти ин стратегия ба назар мерасад. Ба вижа, ки дағдағаҳои амниятӣ дар Тоҷикистон нигарониҳои дохилӣ ва хориҷиро дар бар мегирад ва раҳбарони тоҷик умедворанд бо саҳим кардани кишварҳои минтақа дар мавзӯъ ва масоили амнияти муштарак битавонанд аз зарфиятҳои ин кишварҳо барои маҳор ноамнии мавҷуд дар минтақа истифода кунанд. Аз ин рӯ аст, ки дидорҳои ҷудогонаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони ситоди артиши ду кишвари Чин ва Афғонистон ба унвони ҳамсоягони ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ маъно пайдо мекунад. Покистон низ агарчи марзи муштарак бо Тоҷикистон надорад, аммо ба лиҳози доштани қаробати ҷуғрофиёӣ ва албатта нуфуз бар гурӯҳи Толибони Афғонистон, аз ҷумлаи бозигарони минтақаӣ аст, ки раҳбарони тоҷик дар муодилоти амниятии худ онро нодида нагирифтаанд.

Дар тавзеҳи нигарониҳои амниятии Тоҷикистон ҳамин бас аст ки Абдуллоҳи Раҳнамо раиси бахши арзёбии сиёсати хориҷии Маркази мутолиоти стратегии Тоҷикистон ташдиди авзои амниятӣ дар шимоли Афғонистон ва зуҳури гурӯҳҳои террористӣ дар ин минтақаро омили нигаронкунанда ва хатарнок барои Тоҷикистон медонад.

Вай ҳамчунин мӯътақид аст, интиқоли бесуботӣ аз ҷануб ба шимоли Афғонистон ва зуҳури гурӯҳҳои ҷадиди ифротӣ ва террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар ин минтақа, таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон аст.

Воқеияте, ки акнун ҳамаи кишварҳои минтақаро барои маҳор ва контроли он ба такопу андохтааст ва Тоҷикистон низ аз ин қоида мустасно нест. Бинобар ин шитоб гирифтани таҳаввулот ҷории сиёсӣ дар Афғонистон ва таҳаввулоти майдонии он ва албатта вуруди ошкортари Покистон ба буҳрони Афғонистон, бар нигарониҳои тарафи тоҷик афзудааст. Аз ин рӯст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори руасои ситоди артиши се кишвари Чин, Афғонистон ва Покистон бар зарурати ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва амнияти бо ин кишварҳо таъкид кардааст.