Бардошти беш аз 740 ҳазор тон гандум дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22570-Бардошти_беш_аз_740_ҳазор_тон_гандум_дар_Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти наздик ба 744 ҳазор тон гандум дар ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 87 дарсад аз барномаи давлатӣ барои соли 2017 аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 03, 2017 05:26 Asia/Dushanbe
  •  Бардошти беш аз 740 ҳазор тон гандум дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти наздик ба 744 ҳазор тон гандум дар ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 87 дарсад аз барномаи давлатӣ барои соли 2017 аст.

Ба гузориши сайти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, аз оғози мавсими бардошти гандум дар ин кишвар наздик ба 744 ҳазор тон аз ин маҳсул аз кишоварзон харидорӣ шудааст.

Имсол барои кишти гандум дар Тоҷикистон 303 ҳазор гектар замин ихтисос дода шуд, ки дар муқоиса бо соли қабл 20 ҳазор гектар камтар аст.

Дар Тоҷикистон солона наздик ба як миллион тон гандум бардошт мешавад, ки барои таъмини ниёзи дохилӣ кофӣ нест, аз ин рӯ ҳукумат барои таъмини ниёзи мардум ҳамасола аз Русия ва Қазоқистон беш аз як миллион тон гандум ворид мекунад.

Имсол аз Қазоқистон 447 ҳазор тон гандум ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 20 ҳазор тон камтар аст.

Қимати ҳар як тон гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 207 доллар эълом шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 26 ҳазору 500 тон орд ба қимати ҳар тон 265 доллар ворид шудааст.

 Мизони бардошти гандум аз ҳар гектар замини таҳти кишти ин маҳсул дар Тоҷикистон бештар аз ду тону 600 килограм аст, ки аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар аст, чунон ки дар Қазоқистон, ки умдатарин кишвари таъминкунандаи гандум дар минтақа ба ҳисоб меояд, ин шохис ба 11 тон дар ҳар гектар мерасад.