Марҳилаи ҷадид дар равобити Тоҷикистон ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22624-Марҳилаи_ҷадид_дар_равобити_Тоҷикистон_ва_Чин
Мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон имзои 24 санади ҳамкорӣ дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Пекинро оғози марҳилае ҷадид дар равобити ин ду кишвар унвон кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 05, 2017 10:14 Asia/Dushanbe
  • Марҳилаи ҷадид дар равобити Тоҷикистон ва Чин

Мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон имзои 24 санади ҳамкорӣ дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Пекинро оғози марҳилае ҷадид дар равобити ин ду кишвар унвон кард.

Ба гузориши “Спутник”, Худойбердӣ Холиқназарзода гуфтааст, ки тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Чин заминаи табдили Душанбе ба масири муҳими транзитӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро фароҳам мекунад.

 Вай афзуд, Тоҷикистон дар ояндаи наздик бо сохти хатти КАСА- 1000 барои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон ва транзити коло ва маҳсулот аз кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорроҳи муҳим миёни ин ду минтақа воқеъ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Холиқназарзода, дар миёни барномаи миллии рушди роҳбурдии Тоҷикистон ва тарҳи Роҳи Абрешими Чин нукоти муштараки зиёде вуҷуд дорад, ки шароити матлуберо барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар муҳайё мекунад.

Аз сӯйи дигар, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ ҳеҷ кишвар ва ниҳоди молии байналмилалӣ ба таври мустақим дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намекунад.

 Абдуғанӣ Муҳаммадазимов Чинро танҳо давлате донист, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

 Вай афзуд, суди вомҳои дарозмуддати Пекин солона 2 дарсад аст, ки барои Душанбе аҳамияти зиёде дорад.