Сентябр 14, 2017 08:49 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии тавлиди то 300 ҳазор тон алюминий дар Тоҷикистон то соли 2020

Сухангӯи ширкати алюминийи Тоҷикистон –ТАЛКО аз талош барои ба 300 ҳазор тон расондани тавлиди алюминий дар ин кишвар дар соли 2020 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Игор Сатторов гуфтааст, ки бо афзоиши тавлиди ин маҳсул дар корхонаи алюминийи Тоҷикистон тайи 3 соли оянда, дар соли 2020 барномаи расидан ба тавлиди 300 ҳазор тон алюминий амалӣ хоҳад шуд.

Вай гуфтааст, ки бар асоси ин барнома дар соли 2018 тавлиди 168 ҳазор тон, дар соли 2019 тавлиди 188 ҳазор тон ва дар соли 2020 тавлиди 300 ҳазор тон аз ин маҳсул мадди назар аст.

Вай расидан ба тавлиди ин мизон алюминий дар Тоҷикистонро аз ҳисоби сохти кураҳо (дег)-и гудохти маводи аввалия ва истифода аз маводи хоми дохилӣ имконпазир медонад.

Қаблан Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон далели коҳиши тавлиди маҳсулот дар корхонаи алюминийи ин кишвар дар соли ҷориро осеби воридшуда дар пайи қатъ шудани интиқоли барқ дар шаби 28 –уми октябри соли 2016 ба ин ширкат ва аз кор афтодани 40 кураи гудохти маводи аввалия унвон карда буд.

Пас аз ин ҳодиса тайи шаш моҳи нахусти имсол дар корхонаи алюминийи ин кишвар 49 ҳазору 500 тон маҳсул тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 32,3 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

 Корхонаи алюминийи Тоҷикистон аз зарфияти тавлиди 500 ҳазор тон маҳсулот дар сол бархӯрдор аст, ки дар солҳои ахир ба далоили мухталиф танҳо қодир ба тавлид беш аз100 ҳазор тон алюминий будааст.

Қатъи гази содиротии Ӯзбакистон, коҳиши қимати алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва камбуди маводи аввалия ҳамроҳ бо қарзҳои физояндаи барқи масрафӣ боиси коҳиши тавлиди маҳсулот дар ин корхона шуда аст .

 Ин дар ҳолест, ки қимати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ дар ин корхона нисбат ба бахши хонагӣ наздик ба 10 дарсад арзонтар аст.