Сентябр 26, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи се ширкати корёбии Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон барои се ширкате, ки ба интиқоли шаҳрвандони ин кишвар барои кор ба Арабистони Саудӣ машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи сешанбе эълом кард, алайҳи масъулони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2016» ва «Абдулкарим» парванда боз шудааст.

Гуфта мешавад, ин ширкатҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ мунтақил ва бархе аз ононро ба анҷоми корҳои хориҷ аз тавон маҷбур кардаанд. Ин се ширкат дар соли 2016 ва нимаи аввали имсол чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла ду занро пас аз интиқол ба Арабистони Саудӣ дар хонаҳои шаҳрвандони Арабистон ба кори иҷборӣ машғул карда, маоши ононро напардохтаанд. Дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ алайҳи кормандони ин ширкатҳо ба иттиҳоми хариду фурӯши инсон дар ҳоли пайгирӣ аст.

Тайи ду моҳи гузашта дастикам ду зани тоҷик саргузашти талхи худро дар Арабистони Саудӣ расонаӣ кардааст.