Пешгирӣ аз вуруди 10 ҳазор литр соляркаи қочоқӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23675-Пешгирӣ_аз_вуруди_10_ҳазор_литр_соляркаи_қочоқӣ_ба_Тоҷикистон
Масъулони Хадамоти гумрук ва Ожонси давлати мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар вилоят Суғд аз вуруди 10 ҳазор литр солярка (сӯхти дизелӣ)-и қочоқӣ ба ин кишвар ҷилавгирӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 27, 2017 07:23 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз вуруди 10 ҳазор литр соляркаи қочоқӣ ба Тоҷикистон

Масъулони Хадамоти гумрук ва Ожонси давлати мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар вилоят Суғд аз вуруди 10 ҳазор литр солярка (сӯхти дизелӣ)-и қочоқӣ ба ин кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши сайти Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони ин ниҳод ва Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Суғд, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ба иттиҳоми талош барои ворид кардани 10 ҳазор литр соляркаи қочоқӣ боздошт шуд.

Гуфта мешавад, ки ин фарди 39 сола қасд дошт, ки 10 ҳазор литр соляркаи тавлидшуда дар Қирғизистонро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ вориди Тоҷикистон кунад.

Тоҷикистон ба далели надоштани нафту газ, маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин ва соляркаро аз Қирғизстон ворид мекунад.

Қимати ин ду навъи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб гаронтар аст.

 Чанд рӯз қабл низ кормандони Хадамоти гумруки вилояти Суғд аз вуруди 10 ҳазор кило шакари қочоқӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда буданд.