Сентябр 28, 2017 11:01 Asia/Dushanbe
  • Омодагӣ барои дидори Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи октябри имсол бо фаъолони бахши иқтисодии ғайридавлатӣ ва соҳибкорони ин кишвар дидор мекунад.

Ин хабар дирӯз пас аз баргузории ҷаласаи кумитаи созмондиҳии ин мулоқот дар ҳукумати Тоҷикистон эълом шуд.

 Пешбинӣ мешавад ба дидори ояндаи Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон намояндагон маҳфилҳои тиҷоратии хориҷӣ низ даъват шаванд.  Дар ин нишаст дар бораи масоили марбут ба сармоягузорӣ , саноъат, энергетика, кишоварзӣ, гардишгарӣ, зерсохтҳо ва ҳамчунин бахшҳои молӣ ва банкӣ баҳс хоҳад шуд.

 Бар асоси омори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди сесад ҳазор воҳиди тиҷоратӣ ва тавлидӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

Барчасп