Октябр 01, 2017 19:59 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Хуросон

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, якшанбе, аввали моҳи октябр барои дидор бо мардум ва ошноӣ бо раванди бардошти мева аз боғоти ноҳияи Хуросон ба ин ноҳия сафар кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо кишоварзони ноҳияи Хуросон таъкид кардааст, ки дар ин минтақа заминаи бардошти навъҳои гуногуни мева ва ангур вуҷуд дорад, ки бояд дар мавриди содироти ин маҳсул ба хориҷ ва сохти корхонаҳои коркарди маҳсули боғҳои ин ноҳия низ барномарезӣ кард.

Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Хуросон дар ҳоле анҷом шуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ тайи рӯзҳои ахир овозаҳоеро дар бораи маризии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳатто ба хориҷ мунтақил шудани ӯ мунташир карданд. Гуфта мешавад, ба далели пахш накардани хабару гузоришҳо дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон миёни маҳофили матбуотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое дар мавриди маризии Эмомалӣ Раҳмон доман паҳн кард. Аммо сомонаи "Ҳамсинф" бо интишори ду матлаб ва бо радди ин ахбор пардохтан ба чунин мавзӯъҳоро хаёлбофии ҲНИТ, ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон унвон кардааст. Ин сомона бо такзиби овозаҳо дар бораи маризии раисҷумҳури Тоҷикистон муддаӣ шудааст, ки дар интишори чунин хабарҳо қабл аз ҳама аъзои Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳнамоёни хориҷии ин гурӯҳ даст доранд.