Табрики раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия ба Жээнбеков
Раисҷумҳури Тоҷикистон пирӯзии Сооронбой Жээнбековро дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи якшанбеи Қирғизистон табрик гуфт.
Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, сешанбе, 17 октябр дар паёми табрикии худ ба Сооронбой Жээнбеков интихоби ӯро нишондиҳандаи эътибори баланди ӯ дар чашми мардуми Қирғизистон донист. Раҳмон Жээнбековро “ҷонбдори собитқадами таҳким ва густариши муносибатҳои чандҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон" номида ва ибрози умедворӣ кардааст, ҳамкориҳои ду кишвар дар давраи раёсатҷумҳурии ӯ густариш меёбад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон низ шомгоҳи 16 октябр пирӯзии Жээнбековро ба ӯ табрик гуфтанд.
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон, ки 15-уми октябр баргузор шуд, Сооронбой Жээнбеков бо касби 54 дарсади ороъ ба пирӯзӣ расид.