Октябр 19, 2017 10:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мутахассиси қалб дар Хуҷанд ба иттиҳоми ҳузур дар зиёфати салафиҳо

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як мутахассиси ҷарроҳии қалбу уруқро ба иттиҳоми ҳузур дар зиёфати гурӯҳи мамнуаи “Салафия” боздошт карданд.

Ба гузориши “ТОП ТҶ”, Абдулмалик Саломови 40 – сола, ки донишомӯхтаи донишгоҳҳои улуми пизишкии Русияву Тоҷикистон аст ва барои бори нахуст дар вилояти Суғд амали ҷарроҳии боз рӯйи қалби як бемор анҷом додааст, акнун ба иттиҳоми ҳузур дар зиёфати гурӯҳи мамнуаи “Салафия” боздошт шудаву таҳти бозҷӯӣ қарор дорад.

Мақомоти Додситонии вилояти Суғд низ муддаиянд, ки ин мутахассиси қалбу уруқ (раг) дар зиёфати гурӯҳи мамнуаи “Салафия” ҳузур ёфтаву ба эҳтимоли зиёд бо ин ҷараён дар иртибот аст.

Абдулмалик Саломов пас аз ҳафт соли фаъолият дар ду бемористони Маскав ба унвони ҷарроҳи қалбу уруқ ба дархости мақомоти вилояти Суғд ба ин минтақа омадаву то ба ҳол беш аз 100 амали ҷарроҳии муваффақи қалб анҷом додааст.

Мубин Иноятов, мудири Маркази ҷарроҳии қалбу уруқ ва кормандони ин бахш гуфтаанд, Абдулмалик Саломов яке аз беҳтарин ҷарроҳони қалб дар Тоҷикистон аст ва боздошти вай барои онон қобили дарк нест.

Дар моҳҳои ахир мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошту зиндонӣ кардани афродро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “Салафия” сахттар кардаанд.