Октябр 29, 2017 10:19 Asia/Dushanbe
  • Панҷ ҳазор сомонӣ ҷаримаи баргузории маросими гаҳворабандон

Додгоҳи ноҳияи Нуробод яке аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми баргузории маросими гаҳворабандони наберааш ба пардохти ҷаримаи панҷ ҳазор сомонӣ маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, Мавлон Таибов муттаҳам ба ин аст, ки қонуни тозаислоҳшудаи танзими маросим ва ҷашнҳоро дар Тоҷикистон риоя накардааст.

Қонуни танзими маросим ва ҷашнҳо дар Тоҷикистон баргузории маросими мавсум ба гаҳворабандон дар ин кишварро бидуни додани таом, даъвати меҳмонон ва ҳунармандон ва танҳо бо мушорикати аъзои хонавода иҷоза медиҳад. Дар ғайри ин сурат афрод маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ хоҳанд шуд.

Мадина Камолзода раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод гуфтааст, Мавлон Таибов бо даъвати теъдоди зиёди меҳмон ва додан ду таом дар маросими гаҳворабандони наберааш, ин қонунро вайрон кардааст.

Чанд рӯз қабл низ додгоҳи ноҳияи Ваҳдат дар шарқи Душанбе Саидалӣ Сафаров яке аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми баргузории маросими ақиқаи наберааш ба пардохти панҷ ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард.