Ноябр 01, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Русия бар муборизаи муштарак бо ноамнӣ ва терроризм

Барқарории амният ва мубориза бо терроризм муҳимтарин мавзуе буд, ки дар дидори рӯзи чаҳоршанбеи раисҷумҳури Тоҷикистон ва котиби Шӯрои амнияти Русия мавриди таъкиди дутараф қарор гирифт.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Николай Патрушев дар Душанбе аз раванди тавсеаи муназзами равобити роҳбурдии Тоҷикистону Русия изҳори ризоят кард .

Вай гуфт: Тақвияти равобити Душанбе бо Русия дар заминаи амният муҳимтарин омили густариши равобити ду кишвар маҳсуб мешавад .

Баррасии мавзуи тақвияти амният дар минтақа, ҳамкориҳои Маскаву Душанбе дар чорчуби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанҳай аз масоили меҳварии дидори Раҳмону Патрушев ёд шудааст .

Дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва тақвияти дифоии артиш ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба вахомати авзоъ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Котиби Шӯрои амнияти Русия имрӯз ҳамчунин бо Абдураҳим Қаҳоров, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон дидор кард .

Дутараф дар ин дидор дар бораи роҳҳои тақвияти мубориза бо терроризму ифротгарӣ ва низ ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистону Русия ба низоъҳои мусаллаҳонаи ии созмонҳои байналмилалии террористӣ табодули назар карданд .