Русия беш аз сад коргари муҳоҷири боздоштшудаи тоҷикро озод кард
Мақомоти идораи полис ва марзбонии Русия 115 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикистониро, ки дар роҳи бозгашт ба кишварашон дар марзи вилояти Астрахан ва Қазоқистон ба баҳонаи нақзи қонуни иқомати Русия аз қатори Маскав – Душанбе пиёда ва боздошт карда буданд, озод намуданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо таъйиди озодии ин теъдод аз коргарони муҳоҷири боздоштшуда дар масири бозгашт ба кишварашон гуфт, ин амр бо мусоидати сафорат ва ҳамкории Вазорати умури хориҷаи Русия муяссар шудааст.
Қаблан мақомоти идораи полис ва марзбонии Русия иллати боздошти ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷикистониро доштани баргаи хуруҷии тақаллубӣ унвон карда буданд. Маъмулан Сафорати Тоҷикистон ин баргаро ба он идда аз шаҳрвандон медиҳад, ки гузарномаи худро гум карда бошанд ва ё муддати эътибори мадорики онон ба поён расида бошад.
Албатта, акнун ин мавзӯъ матраҳ аст, ки чӣ гуна Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ин теъдод аз шаҳрвандони ин кишвар барои хуруҷи онон ба баҳонаи гум кардани гузарномаи хориҷӣ ва ё поёни муддати эътибори мадорики ин афрод баргаи тақаллубӣ эъто кардааст?
Бар асоси қонунҳои муҳоҷиратии Русия, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла атбои Тоҷикистон муваззаф ҳастанд ҳар 90 рӯз як бор аз қаламрави ин кишвар хориҷ ва дубора бо дарҷи муҳри хуруҷ дар гузарномаи хеш вориди Русия шаванд.
Бо оғози фасли сармо дар Русия теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барои бозгашт ба кишварашон иқдом мекунанд, ки ин афрод ба далели гарон будани қимати билети ҳавопаймо маҷбур мешаванд аз автобусҳову қатор истифода кунанд.