Ноябр 06, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи чанд тарҳ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ бо табрики шашуми ноябр солрӯзи тасвиби нахустин Қонуни асосии кишвар пас аз истиқлол ба мардуми Тоҷикистон, дар ифтитоҳи чанд тарҳи иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе ширкат кард.

Ба нақл аз сайти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими гушоиши боғи бозсозишудаи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони миллии Тоҷикистон, ифтитоҳи сохтмони ҷадиди раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохила ва эҳдои калиди манозили маскунӣ дар як сохтмони 9 табақа ба кормандони додситонии кулли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ширкат кард .

Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти ҷадиди Тоҷикистон ва нахустин қаҳрамони миллии ин кишвар аст, ки аз замони даргузашташ дар соли 1954, боғи бузурге дар шимоли шаҳри Душанбе ба номи вай номгузорӣ шудааст .

Бо бозсозии ин макон, заминаи боздиди сокинони Тоҷикистон ва гардишгарони хориҷӣ фароҳам шудааст .

Рӯзи шашуми ноябр, солрӯзи тасвиби нахустин Қонуни асосии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли кишвар аст, ки дар тақвими расмӣ таътил мебошад .