Камбуди манобеи молӣ, иллати аслии мушкилоти ширкати “Умед 88”
(last modified Tue, 07 Nov 2017 06:30:03 GMT )
Ноябр 07, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Камбуди манобеи молӣ, иллати аслии мушкилоти ширкати “Умед 88”

Вакили мудофеи масъулони боздоштшудаи ширкати сӯхтрасони “Умед 88” гуфт, далели умдаи ба мавқеъ бозпардохт нашудани қарзи ин ширкат ба Ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун камбуди манобеи молӣ будааст.

Ба нақл аз Toptj, Хусрав Айюбӣ таъкид кард, бар асоси ҳукми додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2016, масъулони ширкати сӯхтрасони “Умед 88” муваззаф ба бозпардохти қарз ба Ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун шуданд .

Вай гуфт, ҳатто бахше аз маблағи қарзи 171 миллион сомонии ин ширкат ба Ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун пардохт шуд, аммо ба далели камбуди манобеи молӣ, масъулони ширкати сӯхтрасони “Умед 88” натавонистанд бақияи маблағро ба ҳисоби ин нерӯгоҳ ворез намоянд ва акнун 6 нафар аз мудирони ин ширкат дар боздошт ба сар мебаранд .

Хонуми Саодат Одиназода, хоҳари Раҷабалӣ Одинаев, раиси боздоштшудаи ширкати “Умед 88” гуфт, вай пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моликони ширкати “Умед 88”, ки аз буҷет маблағи 171 миллион сомонӣ (муодили 20 миллион доллар) қарз гирифтаанд ва солҳост, он маблағро бозпардохт накардаанд, 31 миллион сомонӣ аз ин манобеи молиро ба буҷети нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун ворез кардааст .

Одиназода муддаӣ шудааст, боздошти бародараш муҷиби пардохт нашудани бақияи маблағи ин қарз шуда ва акнун бародараш омодааст, ки дар сурати озодии машрут аз боздошт, ин қарзро ба таври комил тасвия намояд.

Агентии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, раиси ширкати “Умед 88”-ро ба ҳамроҳи муовинаш ва 4 мақоми масъули ин ширкат боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ аз ҷумла Ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун ворид кардааст .