Ноябр 08, 2017 10:57 Asia/Dushanbe
  • Имкони баргузории озмуни забони русӣ аз роҳи дур барои коргарони муҳоҷир

Донишгоҳи давлатии забони русии мавсум ба Пушкини Русия аз омода шудани барномаи компютерии баргузории озмуни забони русӣ аз роҳи дур барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ хабар дод.

Ба гузориши сайти рӯзномаи русии “Коммерсант”, тамоми коргарони муҳоҷири хориҷии довталаби кор дар Русия бояд аз ин тариқ дар озмуни забони русӣ ширкат кунанд ва ба ин афрод гувоҳиномаи муътабари байналмилалӣ эъто хоҳад шуд.

Устоди Донишгоҳи давлатии забони русӣ ва масъули баргузории ин озмун гуфт, аз ин тариқ назорат бар натоиҷи мушорикати довталабону мизони тасаллути онон ба ин забон содатар ва бо эътимоди болотар хоҳад буд.

Олег Родченко афзуд, бо ин равиш имкони тақаллуб аз байн хоҳад рафт ва дастнавиштаву тести садои коргарони муҳоҷири ширкаткунанда дар озмун аз тариқи компютер ва аз роҳи дур, заминаи арзёбии саҳеҳи дониши ин афродро фароҳам месозад.

Бар асоси қонунҳои кору муҳоҷирати ҷадид дар Русия, тамоми атбои хориҷии довталаби кору иқомат дар ин кишвар бояд дар озмуни забони русӣ ширкат кунанд.

Мақомоти идораи муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилаи Русия мегӯянд, қаблан мавориди зиёде шомили дарёфти гувоҳиномаҳои тақаллубии ошноӣ ба забони русӣ, сӯиистифодаи гурӯҳҳои фурсатталаб аз ин озмун ва кулоҳбардориву фиреби коргарони муҳоҷири хориҷӣ мушоҳида мешуд, ки умед меравад бо фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ ин мушкил рафъ шавад.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин озмун ширкат кардаву гувоҳиномаи ошноӣ ба забони русиро ба даст овардаанд.

Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русияро наздик ба як миллион нафар эълом кардаанд.