Тахфифи Русия барои интиқоли мева ва сабзавоти Тоҷикистон
Ширкати Роҳи оҳани Русия барои воридоти мева ва сабзавоти Тоҷикистон то соли 2019 тахфифи 50 дарсадӣ эъто кард.
Ба гузориши дафтар матбуоти ширкати Роҳи оҳани Русия, ин тахфиф танҳо шомили вагонҳои муҷаҳҳаз ба яхдони ширкати давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон мешавад, ки барои интиқоли мева ва сабзиҷот муносиб аст.
Ширкати Роҳи оҳани Русия ҳадаф аз ин иқдомро кумак ба афзоиши интиқоли мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон ва Узбакистон ба ин кишвар унвон кардааст.
Акнун қаторҳои Роҳи оҳани ин ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки дорои вагонҳои муҷаҳҳаз ба яхдон барои интиқоли мева ва сабзиҷот ҳастанд, метавонанд бо истифода аз тахфифи 50 дарсадии ширкати Роҳи оҳани Русия, маҳсулоти кишоварзии худро ба ин кишвар мунтақил кунанд.
Қаблан вуҷуди қиматҳои болои транзити маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз тариқи Роҳи оҳани Русия, яке аз мавонеи рушди ҳамкориҳои релеи ин се кишвар ба ҳисоб меомад.