Интиқоли коргарони муҳоҷири боздоштӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 12 Nov 2017 05:12:57 GMT )
Ноябр 12, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли коргарони муҳоҷири боздоштӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз интиқоли 75 коргари муҳоҷири боздоштшудаи ин кишвар дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон аз суи марзбонони русӣ ба баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар ба Душанбе, хабар дод.

Ба гузориши сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ахиран 75 коргари муҳоҷири боздоштшуда дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон бо пардохти ҷаримаи молӣ ба далели нақзи қонуни иқомат дар Русия, тавассути Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба Душанбе мунтақил шудаанд.

Дар ин иттилоия таъкид мешавад, ки ҳанӯз ҳам 10 коргари муҳоҷири тоҷик дар истгоҳи роҳи оҳани мавсум ба Оқсарой аз сӯи марзбонони русӣ дар боздошт ба сар мебаранд, ки ин афрод низ бо пардохти ҷаримаи молӣ ба далели нақзи қонуни иқомат дар Русия ба Тоҷикистон мунтақил хоҳанд шуд. Мақомоти идораи пулис ва марзбонии Русия дар 3 маврид 180 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикро дар роҳи бозгашт ба кишварашон дар марзи вилояти Астрахан ва Қазоқистон ба баҳонаи нақзи қонуни иқомати Русия аз қатори Маскав – Душанбе пиёда ва боздошт карданд. Мақомоти идораи пулис ва марзбонии Русия иллати боздошти ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷикро доштани баргаи хурӯҷии тақаллубӣ унвон карда буданд.

Маъмулан сафорати Тоҷикистон ин баргаро ба он идда аз шаҳрвандон медиҳад, ки гузарномаи худро гум карда бошанд ва ё муддати эътибори мадорики онон ба поён расида бошад.

Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон эълом кардааст, ки коргарони муҳоҷир ин кишвар, ки дар роҳи бозгашт ба ватанашон дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон аз сӯи марзбонони русӣ ба баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар боздошт шудаанд, ба кишварашон ройгон мунтақил хоҳанд шуд.