Ноябр 13, 2017 11:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби мушовирони хориҷӣ; Роҳкори Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳбуди авзои молӣ

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон талошҳоеро барои беҳбуди авзои бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар бо ҷазби мушовирони хориҷӣ оғоз кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси ин бонк, рӯзи шанбе ба ин манзур бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки Рушди Осиё ва Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дидорҳое баргузор кардааст.

Дар ин дидорҳо дар бораи роҳҳои ҷазби мушовирони хориҷӣ барои кумак ба бонкҳои буҳронзадаи Тоҷикистон ба манзури беҳбуди авзои молии ин бонкҳо, баҳсу табодули назар шудааст.

Дар ду соли ахир низоми бонкии Тоҷикистон ба шиддат дучори буҳрон шуда ва бонкҳои бузурги Содирот ва сармоягузории кишоварзӣ бо мушкили бозпардохти пулҳои муштариёни хеш рӯбарӯ шудаанд.

Ҳамчунин фаъолияти ду бонки "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" қатъ шуда ва замони бозпардохти маблағҳои ба амонат гузоштаи муштариёни ин ду бонк мушаххас нест.

Ин дар ҳоле аст, ки Саидҷаъфар Усмонзода, намояндаи парлумони Тоҷикистон ва мунтақиди сиёсатҳои Бонки миллии ин кишвар гуфтааст, барои беҳбуди фаъолияти бонкҳои ин ҷумҳурӣ, ҳамзамон бо ҷазби мушовирони хориҷӣ бояд аз таҷрибаи коршиносони дохилии ошно бо фаъолияти бонкҳои байналмилалӣ низ истифода шавад.

Хонум Матлуба Ӯлҷабоева, мудири Маркази ҳамоҳангии фаъолияти соҳибони саноати хурад ва миёнаи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки танҳо бо ҷазби мушовирони хориҷӣ наметавон мушкили низом бонкии ин ҷумҳуриро ҳаллу фасл кард.

Ба гуфтаи вай, бонкҳои Тоҷикистон ба фаъолони бахши хусусӣ бо дарсади бисёр боло вом медиҳанд, ки дар Осиёи Марказӣ болотарин рақам ба ҳисоб меояд ва ба ин далел бояд низоми бонкии ин кишвар ба таври бунёдин ислоҳ шавад.