Ноябр 14, 2017 12:49 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 40 фарванд ҳавопаймо ва чархболи низомии Русия ба Тоҷикистон

Дастёри фармондеҳи нерӯҳои ҳавзаи низомии марказии Русия гуфт, Маскав 40 фарванд ҳавопаймои бомбафкан, ҷангандаи шикорӣ ва чархболи низомӣ барои баргузории размоиши муштараки зиддитеррористӣ ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ба нақл аз ТАСС, Ярослав Рошупкин, дастёри фармондеҳи нерӯҳои ҳавзаи низомии марказии Русия шомгоҳи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: Бомбафканҳои Суху-24М, ҷангандаҳои Суху-25СМ, ҳавопаймоҳои таробарии Антонов-124 ва чархболҳои низомии Mi-8 ва Mi-24 ба Тоҷикистон ирсол шудааст .

Дар размоиши Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон, ки аз рӯзи ҷумъа оғоз шудааст, дар маҷмуъ беш аз панҷ ҳазор низомӣ аз нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон ширкат доранд .

Паймони амнияти ҷамъӣ аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст .