Ноябр 22, 2017 14:00 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии парвози ҷадид миёни Тоҷикистон ва Чин

Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” эълом кард, парвози ҷадид миёни Тоҷикистон ва Чин аз 21 декабр роҳандозӣ хоҳад шуд.

Азиз Хайруллоев гуфт, парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Урумчии Чин ва баракс, рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта, бо ҳавопаймои “Боинг 737” сурат мегирад.

Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо ишора ба тасмими ин ширкат бино бар афзоиши теъдоди парвозҳо,  изофа кард, корҳои муқаддамотӣ дар ин замина дарҳоли анҷом аст.

Чин дар ҳоли ҳозир, аслитарин шарики иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҳамакнун ҳар ҳафта, панҷ парвоз миёни ду кишвари Чин ва Тоҷикистон барқарор аст, ки шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистонро ба шаҳрҳои Пекин ва Урумчии Чин муттасил кардааст.