Боздошти мудири маркази омӯзиши такмилии шаҳри Истаравшан
(last modified Thu, 23 Nov 2017 07:33:04 GMT )
Ноябр 23, 2017 12:33 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мудири маркази омӯзиши такмилии шаҳри Истаравшан

Мудири маркази омӯзиши такмилии шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан ба ҷурми бардошти ғайриқонунии пули давлат, боздошт шуд.

Ба гузориши дафтари иттилорасонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мудири маркази омӯзишии шаҳри Истаравшан тавассути кормандони ин вазорат дар вилояти Суғд дастгир шуд.

Ин марди 47 сола аз аввали апрели соли 2015 то кунун, беш аз 25 ҳазор сомониро, ки ба таъмир ва тармими мактабҳои шаҳри Истаравшан ихтисос дошт, тасарруф ва барои таъмини эҳтиёҷоти худ харҷ кардааст.

Мақомоти интизомӣ барои ин қазия парванда боз намуда ва бозҷӯӣ аз мудири маркази омӯзиши такмилии шаҳри Истаравшанро оғоз кардаанд.

Чанде қабл низ кормандони пешини яке аз шӯъбаҳои "Тоҷпромбонк" ба ҷурми дуздидани пасандозҳо ва супурдаҳои муштариён, дастгир ва маҳкум ба ҳабс шуда буданд.