Ноябр 23, 2017 14:21 Asia/Dushanbe
  • Беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, таҳти пайгарди байналмилалӣ

Мудири дафтари Полиси байналмилалӣ (Интерпол) дар Тоҷикистон эълом кард: Ду ҳазору 528 шаҳрванди ин кишвар таҳти пайгарди қазоии байналамилалӣ қарор доранд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, Абдулғафор Азизов гуфтааст, иттиҳоми ин афрод қатлу куштор, иртикоби ҷиноёти сангин бо истифода аз аслиҳа, терроризм ва ифротигарӣ, дуздии маблағҳои калони молӣ ва дигар маворид аст.

Вай таъкид кардааст, аз ин теъдод як ҳазору 873 нафар муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва 35 нафар ҳам узви ҳизби мамнуъаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳастанд.

Иттиҳоми ин афрод фаъолият дар гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, даъват ва ташвиқ ба барандозии низоми сиёсӣ, терроризм ва ифротигарӣ унвон шудааст.

Мудири дафтари Полиси байналамилалии Тоҷикистон, иллати вуҷуд надоштани номи бархе аз шаҳрвандони ин кишвар дар феҳристи афроди таҳти пайгарди қазоии байналмилалиро ба дараҷабандии иттилооти ин ниҳод марбут донистааст.

Абдулғафор Азизов гуфтааст, феҳристи боз дар дастраси мардум қарор мегирад, вале листи маҳрамона дар дастраси умум қарор надорад.

Вай ҳамчунин аз ҳамкории наздики Интерпол дар Тоҷикистон бо ниҳодҳои ин созмон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони таҳти пайгарди Тоҷикистон хабар додааст.