Ноябр 25, 2017 09:52 Asia/Dushanbe
  • Баҳрагирии Русия аз тоҷикон барои эҳёи зиндагӣ дар рустоҳо

Устоди донишгоҳи муштараки Русияву Тоҷикистон ва коршиноси умури муҳоҷират пешниҳод кардааст, Маскав аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барои эҳёи дубораи зиндагӣ дар рустоҳои худ истифода кунад.

Ба нақл аз Спутник, Раҳмон Улмасов гуфтааст, яке аз тарҳҳои муҳим барои ҳамкории Русияву Тоҷикистон мавзуи эҳёи дубораи зиндагӣ дар рустоҳои матрукаи Русия аст .

Ба гуфтаи вай, Душанбеву Маскав метавонанд дар ин замина бо ҳам музокира кунанд .

Ӯ бо ишора ба вуҷуди 19 ҳазор рустоии бидуни сакана дар Русия, мутазаккир шудааст, бар асоси муҳосиботи ҷамъиятшиносӣ, дар авохири қарни 21 дар Русия танҳо 95 миллион нафар аз мардуми бумӣ боқӣ хоҳанд монд .

Ин устоди донишгоҳ ҳамчунин изъон кардааст, ҳамакнун дар ҳафт то ҳашт ҳазор рустои Русия фақат чанд нафар бознишаста зиндагӣ мекунанд .

Раҳмон Улмасов ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ин кишвар маҷбур мешавад, дар ояндаи наздик барои таъмини рушди ҷамъият ва ҳифзи тавони иқтисодии худ, нерӯи кори ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҷазб кунад .

Ин коршинос пешниҳод додааст, раванди омодасозии мутахассисони тоҷики мавриди ниёзи Русия дар омӯзишгоҳҳои фаннӣ ва ҳирфаии муштарак аз сар гирифта шавад .

Ба гуфтаи Раҳмон Улмасов, бар асоси охирин гузоришҳо, акнун теъдоди тоҷикон дар Русия аз бархе аз ақвому милали дигар монанди қалмиқҳо, черкесҳо, яҳудиён ва кореяиҳо бештар шудааст ва дар оянда низ ин раванд рӯ ба афзоиш хоҳад гузошт .

Аз сӯи дигар, дар ояндаи наздик Русия барои тоҷикон ба унвони бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир боқӣ хоҳад монд .

Доктор таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир намояндагиҳои 60 донишгоҳи Русия дар Тоҷикистон бадунболи пазиришу эъзоми донишҷӯёни тоҷик ба Русия ҳастанд, то заминаи таъмини мутахассисро барои иқтисоди ин кишвар дар оянда фароҳам кунанд .