Ноябр 28, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Тоҷикистон аз истиқрори террористҳои ДИИШ дар Афғонистон

Ширкаткунандагон дар нишасте илмӣ дар шаҳри Душанбе аз истиқрори гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд.

Ба иттилои Ховар, директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоише дар мавзӯи “Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ” гуфт: Дар шароити таҳавулёбандаи ҷаҳони муосир, бахусус вазъи ноороми Афғонистон, афзоиши гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар ин кишвар ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарҳои нав эҷод мекунад.

Ба гуфтаи Холиқназар, саркӯб ва танг гардидани мавқеи ДИИШ дар кишварҳои Шарқи Наздик аъзои ин гурӯҳи террористиро водор намудааст, ки ба давлатҳои Покистон ва Афғонистон паноҳ бурда, фаъолияти ифротгароии худро идома диҳанд.

Зикр шуд, ки сарҳади 1400 километрии Тоҷикистон бо Афғонистон на танҳо сарҳади Тоҷикистон, балки марзи тамоми кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буда, барои ҳифзи марз Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои аъзои СААД тадбирҳои муҳиму саривақтӣ ва мушаххас меандешад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон масоили марбут ба Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон- заминасозии рушди дипломатия ва сиёсати бисёрсамта, дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи  муносибат дар соҳаи об, дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун самти афзалиятноки хориҷии Тоҷикистон  ва дипломатияи иттилоотӣ ҳамчун бахши муҳими амнияти иттилоотии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.