Июл 18, 2016 10:44 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ: 30 дарсади духтарони Тоҷикистон дар таҳсилоти миёна тарки омӯзиш мекунанд

Мудири Дафтари намояндагии сандуқи кӯдакони милали муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) эълом кард: 30 дарсади духтарони ин кишвар аз омӯзишҳои илзомӣ дар таҳсилоти миёна тарки хондан мекунанд.

Ба иттилои сайти Toptj, Лучия Элми дар шаҳри Душанбе бо ироаи гузорише дар бораи авзои кӯдакони ҷаҳон гуфт: Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда дар Тоҷикистон, бисёре аз духтарони ин кишвар танҳо дар синфҳои ибтидоӣ ба мадраса мераванд ва пас аз синфи чаҳорум омӯзишро раҳо мекунанд.

Ин мақоми ЮНИСЕФ афзуд: Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон омӯзиш дар мадориси давлатӣ то синфи нуҳум илзомӣ аст.

Элми ҷудо набудани синфҳои духтарон ва писарон дар мадорис, шароити номусоиди беҳдоштии ин марокиз ва мушкилоти хонаводагиро аз авомили муҳими тарки таҳсили духтарони тоҷикистонӣ унвон кардааст.

Мудири Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо ишораи дуввумин соли иҷрои тарҳи ҷазби духтарони тоҷикистонӣ ба омӯзиш дар мадориси давлатӣ гуфт: Иҷрои ин барнома муҷиби афзоиши 6 дарсадии таҳсили духтарон дар ин кишвар шудааст.

Дар ҳамин ҳол созмонҳои муртабит бо кори кӯдакон низ эълом кардаанд, ки дар Тоҷикистон беш аз 50 ҳазор кӯдак ба корҳои сангин иштиғол доранд.

Бар ин асос 98 дарсад аз ин кӯдакон барои таъмини ниёзи маишатии хонаводаҳояшон дар бахши кишоварзӣ фаъолият мекунанд ва бақия низ дар тиҷоратҳои хурд иштиғол доранд.