Декабр 03, 2017 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ифтиттоҳи дуввумин дафтари Маркзи илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Хуҷанди маркази вилояти Суғди Тоҷикистон дафтари намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия ифтиттоҳ шуд, ки пас аз вуҷуди дафтари нахусти Созмони давлатии ҳамкориҳои хориҷии Русия дар шаҳри Душанбе, дуввумин марказ ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши “Top tj”, ҳадаф аз ифтиттоҳи ин дафтар дар Тоҷикистон, омӯзиши забони русӣ ва ошноии ҷавонони тоҷик бо фарҳанг ва таърихи Русия унвон мешавад.

 Алексей Флоров, қоиммақоми Созмони давлатии ҳамкориҳои хориҷии Русия, таъкид кардааст, ки яке аз аҳдофи фаъолияти ин марказ дар Хуҷанд ҷазби ҷавононе мебошад, ки ба омӯзиши забони русӣ ва таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар таваҷҷуҳ доранд. Ба гуфтаи вай, ин марказ шомили синфҳои дарсӣ, китобхона, марокизи омӯзиши улуми компютерӣ, утоқи наққошӣ ва ҳунарҳои мухталиф мешавад, ки заминаи фарогирии забони русӣ барои алоқамандонро фароҳам месозад. Ин мақоми русӣ таъкид кардааст, ки дар соли 2016 наздик ба 3 ҳазор нафар аз ҷавонони тоҷик дар барномаҳои дафтари намояндагии маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе, ҷазб шудаанд.

Неъматуллоҳ Мирсаид, коршиноси тоҷик гуфтааст, ки ифтиттоҳи дувумин дафтари намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд, ҳокӣ аз талоши Маскав барои таҳкими ҷойгоҳи ин кишвар дар Тоҷикистон мебошад ва метавонад заминаи вуруди ҷавонони тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русияро фароҳам созад. Дар ҳоле, ки беш аз 1миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои ин кишвар низ рӯ ба афзоиш мебошад.