Декабр 05, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Зарурати тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ бар зарурати тақвияти марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ба манзури муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир, таъкид кард.

Ба нақл аз Спутник, Андрей Серенко бо ишора ба даргирии ахир дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки муҷиби кушта шудани фармондеҳи посгоҳи марзии Тоҷикистон ва захмӣ шудани чаҳор марзбони ин кишвар шуд, гуфтааст, ки бастани ин марз бар рӯи қочоқчиёни маводи мухаддир кори сахту пурҳазинаест .

Вай муътақид аст, дар мавориде ба иллати кӯҳистонӣ будани бахшҳое аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир муваффақ ба интиқоли мавод ба дохили қаламрави Тоҷикистон мешаванд .

Ин коршинос дар бораи даргирии ахир ва кушта шудани марзбонони тоҷик гуфтааст, шояд дар ин моҷаро қочоқчиёни маводи мухаддир рӯи муқовимати генерал Хайриддин Аҳтамов, фармондеҳи посгоҳи марзии Тоҷикистон ҳисоб накарда буданд, чун яке аз авомили нуфузи қочоқчиёни маводи мухаддир ба дохили хоки Тоҷикистон, вуҷуди фасоду ришвахорӣ дар миёни бархе аз афрод дар ниҳодҳоии қудрат аст .

Ахиран низ теъдоде аз кормандони ниҳодҳои интизомии ин кишвар ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд .

Чанде қабл 12 нафар аз қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва дар наздикии посгоҳи марзии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо марзбонони кишвар даргир шуданд .

Дар натиҷа, генерал Хайриддин Аҳтамов, фармондеҳи посгоҳи марзии Тоҷикистон кушта ва чаҳор нафари дигар аз ҷумла як афсар ба шиддат захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд .

Пас аз ин воқеа, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ёддоште сиёсӣ, хостори шиносоӣ ва муҷозоти омилони он шуд .