Зиндон дар интизори донишҷӯи донишгоҳи Русия ба иттиҳоми салафигарӣ
Додгоҳи шаҳри Бустон дар вилояти Суғди Тоҷикистон як донишҷӯи донишгоҳи ҳавоии Русияро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи салафия ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сайти Ахбор, Умедҷони Раҳматҷон раиси додгоҳи шаҳри Бустон гуфтааст, Хуршед Шамсиддинов донишҷӯи соли чаҳоруми донишгоҳи ҳавоии Русия ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст.
Вай таъкид кардааст, Хуршед Шамсиддинов ҳангоме, ки барои таътилоти тобистонӣ ба зодгоҳаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада буд, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи салафия боздошт шуд.
Аз сӯи дигар падару модари ин донишҷӯ, ки пизишк ва мудири мактаби маъруфе ҳастанд, аз мақомашон барканор шудаанд.
Аммо наздикони Хуршед Шамсиддинов муддаӣ шуданд, иттиҳоми узвият дар гурӯҳи салафия беасос аст ва зоҳиран афроде дар талош барои гирифтани симатҳои волидайни вай, бо ироаи иттилооти сохтагӣ сабаби зиндонӣ шудани ин донишҷӯ шудаанд.
Аъзои хонаводаи вай гуфтаанд, ду шоҳиде, ки алайҳи Хуршед Шамсиддинов дар додгоҳ шаҳодат додаанд, аслан ӯро намешинохтанд ва мушаххас буд, ки ин моҷаро сохтагӣ аст.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳафтаи қабл ҳам Абдулмалик Саломов ҷарроҳи машҳури қалб дар вилояти Суғдро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи салафия ба панҷуним сол зиндон маҳкум кард.
Дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд даҳҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи салафия боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.
Фаъолияти гурӯҳи салафия дар Тоҷикистон ду бор дар солҳои 2009 ва 2014 ба унвони созмони ифротӣ аз сӯи додгоҳи олии ин кишвар мамнуъ шудааст.