Декабр 07, 2017 16:22 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мубаллиғи тоҷики “Ҷабҳат-ун-Нусра” дар Русия

Мақомоти пулиси Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми таблиғ ва узвгирӣ барои гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ун-Нусра” дар шаҳри Маскав, пойтахти ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории русии “РБК”, фарди боздошт шуда , Бахтиёр Қулубиддинов, шаҳрванди 23 солаи Тоҷикистон аст, ки бо номи мустаори Алӣ Абдуллоҳ иқдом ба ҷалби ҷавонон ба сафҳои гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ун-Нусра” дар Сурия мекард.

Ин гузориш меафзояд, Бахтиёр ба манзури ҷамъоварии маблағ ва узвгирӣ барои гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ун-Нусра”, аз шабакаҳои маҷозии “WhatsApp” ва “Telegram” баҳра мебурд.

Гуфтанист, иттиҳоми ворида ба Қулубиддинов аз андак мавридҳои ифшои ҳамкории шаҳрвандони Тоҷикистон бо гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ун-Нусра” аст.

Манобеи амниятии Русия гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бозори мавсим ба “Маскав”кор мекард, аммо масъулони ин бозор бо радди ин иддао тасреҳ карданд, ки Қулубиддинов ҳея гоҳ дар ин бозор машғул бакор набудааст.

Манобеи давлатии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 1100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар роҳии ҷангҳои Сурия ва Ироқ шуда ва ҳудуди 300 аз онҳо кушта шудаанд.