Русия ба Тоҷикистон таҷҳизоти ҳавоӣ медиҳад
Русия ба Тоҷикистон дар чорчӯби ҳамкории неруҳои дифои ҳавоии кишварҳои Ҳамсуд, таҷҳизоти ҳавоӣ ва сомонаи мушакии зидди ҳавоӣ таҳвил медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Русия ин сомона ва таҷҳизотро дар чорчӯби иртиқои тадриҷии неруҳои дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон таҳвил медиҳад.
Маркази иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроии кишварҳои Ҳамсуд дар ин замина эълом кард, дар чорчӯби ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ байни кишварҳои узви Ҳамсуд, баргузории фаъолияти муштарак дар заминаи навсозӣ ва тавсеаи таҷҳизоти дифои ҳавоии ин кишварҳо барномарезӣ шудааст.
Арзаи системаи мушакии зидди ҳавоӣ ба Қазоқистон, навсозӣ ва таҷҳизи системаи иртиботии Қирғизистон, таҳвили таҷҳизоти мушакии зидди ҳавоӣ ба Тоҷикистон ва таъмини қисмҳои эҳтиётӣ ба системаи дифои ҳавоии Арманистон ва Беларус дар дастури кори Русия қарор дорад.
Дар ҳайати неруҳои дифои ҳавоии кишварҳои ИДМ, 19 воҳиди ҳавопаймоӣ, 38 қисмат аз мушакҳои зидди ҳавоӣ, 15 воҳиди неруи ҳавоӣ - радиоӣ, 9 воҳиди дифои ҳавоӣ ва се воҳиди неруҳои муборизаи электронӣ қарор дорад.