Декабр 09, 2017 14:52 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон роҳии Урдун шуд

Дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз сафари Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайъати сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Урдун хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин сафари расмӣ ба даъвати подшоҳи Урдун сурат гирифтааст .

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, молия, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳои Урдун, Раҳмон дар чорчуби ин сафар бо Абдуллоҳи Дуввум, шоҳи Урдун ва Хонӣ Мулкӣ, нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад кард .

Интизор меравад, дар ин дидор масоили ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирад .

Таи солҳои ахир, раисҷумҳури Тоҷикистон чандбор ба кишварҳои арабӣ сафар кардааст .