Декабр 14, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи ҷиноӣ зидди масъули созмони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон зидди масъули Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе ба иттиҳоми тамаъварзӣ ва боҷхоҳии молӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.

Сомонаи Ахбор бо истинод ба манобеи хеш таъкид кардааст, ки Субҳон Сафиаллоев масъули созмони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон намояндаи шӯрои пойтахти ин кишвар низ ба ҳисоб меояд, бо сӯиистифода аз ин мақом ва муаррифии худ ба унвони намояндаи шаҳрдори Душанбе аз як мақоми давлатӣ талаби пул кардааст, ки бо шикояти ин фард акнун алайҳи Сафиаллоев парвандаи ҷиноӣ ташкил ва баррасии ин моҷаро оғоз шудааст.

Манобеи қазоӣ бидуни ифшои номи хеш ба сомонаи Ахбор дар шарҳи ин моҷаро гуфтаанд, ки масъули Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе дар шарқи пойтахти Тоҷикистон барои худ ва хонаводааш хона сохта ва аз бонк вом ҳам гирифтааст, аммо ба далели ин, ки писари ӯ натавониста қарзҳои бонкиро бамавқеъ пардохт кунад, маҷбур ба фурӯши хонаи қаблии худ мешавад.

Ҳамкорони Субҳон Сафиаллоев дар созмони Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки парвандаи вай иртиботе бо фаъолитҳои ҳизбиаш надорад ва қазия комилан ҷудо мебошад.

Субҳон Сафиаллоев дар 19 соли охир уҳдадори масъулияти раёсати созмони Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе будааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои бори нахуст дар интихоботи парлумонии соли 2015 натавонист намояндае ба маҷлиси қонунгузории ин ҷумҳурӣ бифиристад.