Ҳамсари муовини раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ: Ҳоли Муҳаммадалӣ Ҳаит хуб аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i2704-Ҳамсари_муовини_раиси_Ҳизби_мамнӯи_наҳзати_исломӣ_Ҳоли_Муҳаммадалӣ_Ҳаит_хуб_аст
Ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, саранҷом пас аз ҳафт моҳ, субҳи имрӯз бо шавҳараш дидор кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 20, 2016 21:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсари муовини раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ: Ҳоли Муҳаммадалӣ Ҳаит хуб аст

Ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, саранҷом пас аз ҳафт моҳ, субҳи имрӯз бо шавҳараш дидор кард.

Ба гузориши сойти Озодагон, Савринисо Ҷӯраева, пас аз ҳафт моҳ ва дар пайи интишори ахбори зиду нақиз дар бораи вазъи саломатии ҳамсараш Муҳаммадалӣ Ҳаит, муваффақ шуд аз Додгоҳи олии Тоҷикистон барои дидор бо ӯ муҷаввиз дарёфт кунад.

Ҷӯраева гуфт, ин дидор ҳудӯди ним соат ба тул анҷомид ва Муҳаммадалӣ Ҳаит аз вазъи саломатиаш шикояте надошт.

Ҷӯраева ба нақл аз ҳамсараш гуфт, Ҳаит шиканҷа нашуда ва бархӯрди масъулони зиндон бо ӯ хуб будааст.

Вай гуфт, ки Муҳаммадалӣ Ҳаит мунтазири баррасии шикояти худ дар марҳалаи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни соли 2016 Маҳмадалӣ Ҳаитро ба ҳукми абад маҳкум кард.