Декабр 27, 2017 11:29 Asia/Dushanbe
  • Чойхонаи миллии тоҷикон дар шаҳри Воронежи Русия

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки солҳо дар шаҳри Воронежи Русия фаъолият мекунанд, чойхонаи миллии тоҷикиро ба номи “Роҳат” дар ин шаҳр ифтитоҳ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев пас аз чанд соли фаъолият дар Русия, тасмим ба роҳандозии ин макон гирифтанд, ки бо истиқболи коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сокинони бумии ин шаҳр рӯбарӯ шудааст.

 Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон номи ин чойхонаи миллиро ба поси яке аз марокизи машҳури шаҳри Душанбе чойхонаи “Роҳат” номгузорӣ кардаанд ва дар он муштариён бо ғизоҳои миллии тоҷикӣ монанди палав, шӯрбо (обгӯшт), самбӯса, манту, оши бурида (ришта) ва чойи сабз пазироӣ мешаванд.

 Дар дохили бинои чойхонаи миллии тоҷикӣ, ки бо сабки меъмории шарқӣ зинат дода шуда, осори кандакорӣ, катибанависӣ ва нақшу нигори миллӣ мушоҳида мешавад.

 Дар чойхонаи “Роҳат” муштариён ҳамзамон бо хӯрдани ғизоҳои миллии тоҷикӣ метавонанд бо фарҳанг ва осору ҳунари мардуми тоҷик ошно шаванд.

Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев бо ифтитоҳи чойхонаи миллии тоҷикон дар шаҳри Воронежи Русия барои 20 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон корофаринӣ кардаанд.