Январ 01, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Хатари иттиҳоди Толибон ва ДИИШ дар Афғонистон барои Тоҷикистон

Муовини собиқи фармондеҳи неруи марзбонии Тоҷикистон мӯътақид аст, иттиҳоди эҳтимолии Толибон ва ДИИШ дар Афғонистон, таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти Тоҷикистон хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, Нуралишоҳ Назаров гуфтааст, агар ду гурӯҳи террористии Толибон ва ДИИШ, ки дар Афғонистон дар ҳоли рақобат бо якдигар ҳастанд ба хотири манофеи хеш муттаҳид шаванд, авзои Тоҷикистон ғайри қобили контрол хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки агар ин иттифоқ биафтад таҳдидоти амниятӣ дар марзҳои муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷиддӣ хоҳад шуд ва бояд барои муқобила бо ин навъ хатарот омода шуд.

Муовини собиқи фармондеҳи неруи марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз шикасти гурӯҳи террористӣ- такфирии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, ҳомиёни аслии ин гурӯҳ, террористҳои боқи мондаро ба Афғонистон мунтақил кардаанд ва акнун шоҳиди шиддат ёфтани ҳамлаҳои интиҳори анусири ДИИШ дар ин кишвар мебошем.

Ба гуфтаи генерал Нуралишоҳ Назаров ҳомиёни гурӯҳи террористии ДИИШ барои расидан ба аҳдофи худ, дар баландмуддат миёни ДИИШ ва Толибон иттиҳод ба вуҷуд хоҳанд овард.