Табрики Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави милодӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27765-Табрики_Путин_ба_Эмомалӣ_Раҳмон_ба_муносибати_Соли_нави_милодӣ
Раисиҷумҳури Русия фаро расидани Соли нави милодиро ба раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла Тоҷикистон табрик гуфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 01, 2018 08:30 Asia/Dushanbe
  • Табрики Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави милодӣ

Раисиҷумҳури Русия фаро расидани Соли нави милодиро ба раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла Тоҷикистон табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии Кохи Кремл, Владимир Путин дар паёми табрики Соли нав ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, муносиботи Русия ва Тоҷикистонро дар заминаи мушорикатҳо дорои пешрафти хуб, арзёбӣ кардааст.

Рӯзи 26 декабр дар Маскав дидори ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви  ИДМ баргузор шуд.

Дар ин нишасти Владимир Путин раҳбари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон супурд.