Нахуствазири Ӯзбакистон вориди Душанбе шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28217-Нахуствазири_Ӯзбакистон_вориди_Душанбе_шуд
Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Ӯзбакистон ба ҳамроҳи ҳайате иборат аз намояндагони давлати ин кишвар ва марзбонон, вориди Душанбе шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 10, 2018 09:29 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ӯзбакистон вориди Душанбе шуд

Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Ӯзбакистон ба ҳамроҳи ҳайате иборат аз намояндагони давлати ин кишвар ва марзбонон, вориди Душанбе шуд.

Ба гузориши “Спутник”, ҳайати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имрӯз (чаҳоршанбе) ба раҳбарии нахуствазирони ду кишвар масоил марбут ба ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва низ масоили марзиро баррасӣ мекунанд.

Нишасти комиссияҳои байнидавлатии ду кишвар дар Кохи Наврӯз пушти дарҳои баста баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки имрӯз ҳамчунин Абдуллоҳ Орифов бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кунад.

 Дар ин дидорҳо ҳамчунин фароҳам кардани заминаи аввалин сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар баҳори имсол баррасӣ мешавад.