Январ 13, 2018 13:11 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи аввалин маркази иттилоърасонии гардишгарии Тоҷикистон

Аввалин маркази иттилоърасонии гардишгарии Тоҷикистон ба таври расмӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, маркази иттилоърасонии гардишгарӣ дар сохтмони Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон воқеъ шуда ва муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти модерн ва фанновариҳои пешрафта аст.

Ироаи иттилооти ҷомеъ дар мавриди Тоҷикистон, таърих, фарҳанг ва фурсатҳои гардишгарӣ дар он ба гардишгарон, аз вазоифи аслии ин марказ аст.

Дар маркази иттилоърасонии гардишгарии Тоҷикистон гардишгарон бо масирҳои туристӣ, нақшаҳо, манозири табиӣ, маконҳое монанди меҳмонхонаҳо ва дигар имконот ва хадамоташон ошно хоҳанд шуд ва ҳамчунин ба иттилооте дар бораи саноеи дастӣ, таърих, фарҳанг, суннатҳо, ойинҳо ва одобу русуми манотиқи мухталифи кишвар дар қолаби файлҳои чундрасонаӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.

Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди гардишгарии ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон ба таври мустақим ва ғайримустақим муҷиби эҷоди шуғлҳои мухталиф мешавад ва коркунони ширкатҳои мусофиратӣ, бозорёбон, роҳнамоён, ронандагон, мутарҷимон ва... дар раванди ироаи хадамот ба гардишгарон муассир ҳастанд.

Ба гуфтаи вай, гардишгарӣ, ба вижа гардишгарии зистмуҳитӣ аз тариқи фароҳам сохтани заминаҳои туристӣ, эҷоди меҳмонхонаҳои хурд, хадамоти ҳамлу нақл (дучарха, асб ва ...), таҳияи ғизоҳои миллӣ ва дигар хадамот, ба рифоҳи рустоиён кумак мекунад.

 Бар асоси муҳосиботи коршиносон, ҳар турист дар сафар ба Тоҷикистон ба таври миёна аз ​​500 то 750 доллар ҳазина мекунад.

Соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди гардишгарӣ ва саноеи дастӣ номгузорӣ шудааст.