Январ 18, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дорои болотарин мизони молиёт дар миёни кишварҳои ИДМ

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дорои бештарин мизони молиёт дар соли 2017 будааст.

Ба гузориши сайти Бонки Ҷаҳонӣ, натоиҷи таҳқиқоти муштараки ин ниҳоди молии байналмилалӣ бо ширкатҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ ва “Coopers water house Price” дар соли 2017 нишон медиҳад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва қаламрави кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон бо 65,2 дарсад мизони молиёти дарёфтӣ дар байни даҳ кишвари аввал қарор гирифтааст.

Ин шохис дар Қазоқистон 29, 2 дарсад, Қирғизистон 29 дарсад, Ӯзбакистон 38,1 дарсад ва Русия 47,4 дарсад эълом шудааст.

Дар ин таҳқиқ Қирғизистону Қазоқистон кишварҳои дорои мизони молиёти сабук ва Тоҷикистон бо молиёти сангин дар соли 2017 муаррифӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори Анҷумани фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 205 ҳазор нафар аз фаъолони ин бахш муҷаввизи худро пас додаанд.

Коршиносон иллати даст аз кор кашидани ин афродро молиёти сангин, суди болои вомҳои бонкӣ, тарофаҳои гарони гумрукӣ ва таҳқиқу бозҷӯии ниҳодҳои назоратӣ унвон мекунанд.