Январ 18, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Бонки Миллии Тоҷикистон истифода аз “Bitcoin” - ро мамнуъ кард

Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид кард, танҳо пули роиҷ дар ин кишвар сомонӣ буда ва муомила бо арзҳои муътабари хориҷӣ низ муҷоз аст, аммо ҳар навъ истифода аз “Bitcoin” мамнуъ аст.

Ба гузориши сомонаи Бонки Миллии Тоҷикистон, дар шарҳи муфассале, ки ин ниҳоди молӣ мунташир кардааст, таъкид мешавад, истифода аз “Bitcoin”, ки эҳтимолан барои таъмини манобеи гурӯҳҳои ҷиноӣ, террористӣ ва маҳофили пулшӯӣ истифода мешавад, дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст.

Аз назари Бонки Миллии Тоҷикистон, ҳар навъ муомилоти машкуке назири истифода аз “Bitcoin”, ки аз нигоҳи низоми бонкии ин кишвар бо хатарҳои зиёде ҳамчун таъмини манобеи молии гурӯҳҳои террористӣ, бондҳои мафиёии ҷиноӣ ва пулшӯӣ рӯбарӯ аст, амалиёти ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

Ин муомилот, ки бидуни назорати бонкҳову муассисоти қонунии молӣ анҷом мешаванд, метавонанд авоқиби ногуворе ба ҳамроҳ дошта бошанд. Чунончӣ дар яке аз сомонаҳои интернетӣ пешниҳоди муомила бо истифода аз “Bitcoin” барои хариди маводи мухаддир ва қурсҳои равонгардон ироа шуда буд, ки ғайриқобили пазириш аст.

Бонки Миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия кардааст, дар муомилоти моливу пулӣ танҳо аз сомонӣ ва арзҳои муътабари хориҷӣ истифода кунанд ва таҳти ҳеч шароите пешниҳоди хариду фурӯш бо “Bitcoin”  - ро напазиранд. Зеро ин амр метавонад барои онон бо оқибатҳои ногувору ғайриқобили пешбинӣ ҳамроҳ бошад.

“Bitcoin” як навоварии интернетӣ бо коркардҳои мушобеҳи  “пули бепуштвона” ё пули ҳукуматӣ аст. Аммо пул будан як ҷойгоҳи ҳуқуқӣ аст ва пул будани “Bitcoin” бастагӣ ба пазириши ҷойгоҳи ҳуқуқии он аз сӯйи давлатҳост. То кунун ҳеч давлате “Bitcoin” – ро ба унвони пул ба расмият нашинохтааст.