Боздиди мухолифи саршиноси Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон
Имрӯз ва пас аз муддатҳо бехабарӣ аз паёмади тасмими ғайримунтазираи яке аз мухолифони саршиноси ҳукумати Тоҷикистон, эълом шуд, ки вай ба Душанбе омада ва дубора ба маҳалли сукунаташ баргаштааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар шаҳри Душанбе мулоқоти Додоҷони Атовуллоҳ аз мухолифони сарсахти пешини Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти аршади ин кишвар дидор кардааст.
Ин манбаи хабарӣ аз замон ва чигунагии боздиди раҳбари гурӯҳи мухолиф “Ватандор”, чизе нанавиштааст.
Додоҷони Атовуллоҳ, ки рӯзноманигори дигарандеш аст аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар хориҷ басар мебурд ва ба мавзегириҳои тунд, алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрат дошт.
Ӯ тобистони гузашта ба якбора аз мавзеъҳои пешини худ даст кашид ва аз музокира бо ҳукумати Тоҷикистон сухан гуфт.
Дар остонаи соли ҷадиди милодӣ буд, ки Додоҷони Атовуллоҳ аз мулоқоти наздикҳангом бо раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ҳанӯз манобеи расмӣ хабари бозгашти Додоҷони Атовуллоҳ ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ ё рад накардаанд.