Январ 31, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти бахши тоҷикии хати лулаи гази Туркманистон-Чин

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз оғози сохти бахши тоҷикии хати лулаи гази Туркманистон-Чин хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни суханонӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод аз оғози сохти бахши тоҷикии хати лулаи гази Туркманистон-Чин хабар дод .

Вай гуфт: Дар ҳоли ҳозир ҳеч мушкиле барои иҷрои ин тарҳ вуҷуд надораду сохти хати лула дар бахши тоҷикӣ бо таваҷҷуҳ ба таъмини молии муносиби он идома хоҳад ёфт .

Тавофуқномаи байнидавлатии ин тарҳ сентябри соли 2013 ба имзо расид .

Ба манзури иҷрои ин тарҳ, ширкати муштараки тоҷикӣ-чинӣ бо сармоягузории 300 миллион долларӣ аз ҳар дутараф эҷод шудааст, ки тарафи тоҷикӣ барои пардохти саҳми худ аз бонки Гонконг 300 миллион доллар қарзи тӯлонимуддат гирифтааст .

Тӯли бахши тоҷикии хати лулаи гази Туркманистон-Чин беш аз 400 километр баровард шуда, ки қарор аст, соли оянда аз он баҳрабардорӣ шавад .

Интизор меравад, солона 30-25 миллиард метри мукааб гази Туркманистон аз ин хати лула ба Чин мунтақил шавад .

Тавсеаи ин тарҳ имкони ҷазби беш аз се миллиард доллар сармоягузории мустақими Чинро дар иқтисоди Тоҷикистон фароҳам мекунад .