Феврал 05, 2018 10:20 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯаи бузурги обии шаҳри Хуҷанд аз кор афтод

Маҷмӯаи бузурги обии шаҳри Хуҷанд, ки 7 сол қабл ба муносибати бистумин Солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо ҳазинаи 14 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд сохта шуда буд, ба далели нотавонӣ дар пардохти қарзи пули барқ аз кор афтод.

Ба гузориши “Ахбор”, қарор буд ин маҷмӯаи обӣ ба тадриҷ ба худкифоӣ бирасад, ки ин амр на танҳо иттифоқ науфтод, балки ин маҷмӯа акнун бо қарздории 66 ҳазор сомонӣ бобати барқи масрафӣ аз кор афтодааст ва ниёз ба тармим ва бозсозии асосӣ дорад.

 Дафтари матбуоти раёсати вилояти Суғд пас аз боздиди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят аз маҷмӯаи обии бузурги шаҳри Хуҷанд эълом кард, ин макони тафреҳӣ ба далели бетаваҷҷуҳии мудирияти он ба тармим ва бозсозии асосӣ ниёз дорад, зеро теъдоде аз таъсисоти он тайи ду соли ахир аз кор афтодааст.

Ҳамчунин сатҳи пойини хадамот ба шаҳрвандон дар маҷмӯаи обии бузурги шаҳри Хуҷанд ҳатто ҳазинаи барқи масрафии онро таъмин намекунад. Мавзӯе, ки теъдоди дӯстдорони шиноро ҳам ба шиддат коҳиш додааст.

Коршиносон муътақиданд, ки шитоб дар сохтани чунин марокизе дар остонаи ҷашнҳои муҳим ва дар назар нагирифтани мизони даромадзоии онҳо муҷиби ҳадар рафтани манобеи молии ҳазинашуда аз ҳисоби буҷаи вилояти Суғд дар эҳдоси маҷмӯаи обии бузурги шаҳри Хуҷанд шудааст.